Добавить новость
World News in Tajik

Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба интихоботи Озарбойҷон. "Чизе тағйир намеёбад"?

Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба интихоботи Озарбойҷон.

Бар асоси натиҷаҳои ибтидоии интихоботи пеш аз мӯҳлати порлумонии Озарбойҷон, ҳизби президент Илҳом Алиев пирӯз шуд ва аз 125 курсии маҷлис 64 курсиро соҳибӣ кард. Раиси Кумисюни марказии интихоботи Озарбойҷон Мазоҳир Паноҳов 10-уми феврал натиҷаҳои пешакиро эълон кард ва гуфт, пирӯзии ҳизби "Озарбойҷони нав" пас аз шумурдани 87 дарсади баргаҳо маълум шудааст. Дар ҳайати порлумони ҳозира ҳизби президент 65 курсиро дар ихтиёр дорад. ​Нозирони мустақил аз қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот хабар доданд. Интихоботи порлумонии Озарбойҷон рӯзи 9-уми феврал баргузор шуд.​

Бархе аз соҳибназарон дар Тоҷикистон мегӯянд, бо назардошти табиати сиёсии ҳукумати Озарбойҷон, дар пайи интихобот ва нав шудани ҳайати порлумон, президент Илҳом Алиев ҳамоно шахси тасмимгиранда дар ин кишвар боқӣ хоҳад монд.

Баъзе ҳизбҳои мухолиф "бойкот" карданд

Дар гузоришҳои марбут ба қонуншиканӣ ҳангоми раъйдиҳӣ – ҳолатҳои овоздиҳии батакрор, монеъ шудан ба наворгирӣ дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ, монеъ шудан ваё озори нозирони байналмилалӣ сабт шудааст.

Дар изҳороти Кумисюни марказии интихоботи Озарбойҷон гуфта шуд, ки ҳузури раъйдиҳандагон дар овоздиҳӣ 47,81 дарсад буд ва ин омор тахминан 8 дарсад камтар назар ба интихоботи аз ин пеш мебошад. Бархе ҳизбҳои оппозитсионӣ дар робита бо маҳдуд шудани ҳузури матбуоти мустақил ва ҳам ҳуқуқи баргузории таҷаммӯъҳои сулҳомез интихоботро бойкот карданд.

Дар изҳороти субҳи 10-уми феврал ҳизби “Озарбойҷони нав” аз пирӯзии ин ташаккули сиёсӣ хабар дод ва навишт: "Натиҷаҳои экзит-пол моро ба ин хулоса водор мекунад, ки “Озарбойҷони нав” аксари раъйҳоро ба худ ихтисос додааст."

Дар Озарбойҷон ҳеч интихобот мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ эътироф нашудааст. Илҳом Алиев, ки 17 сол пеш, баъд аз марги падараш Ҳайдар Алиев, ба қудрат расид, интихоботи ахири порлумониро нӯҳ моҳ пеш аз муҳлат даъват намуд. Алиев гуфт, ҳадаф барпо кардани ислоҳот мебошад.

Бар асоси натиҷаҳои "экзит-пол"-е, ки ширкати Arthur J. Finkelstein & Associates, қароргоҳаш дар Амрико, барпо кардааст, ҳизби ҳоким метавонад 69 курсии маҷлисро ба худ ихтисос диҳад. Бар асоси “экзит-пол”, танҳо номзади мухолифин, ки метавонад ба порлумон роҳ ёбад, Эркин Қодирлӣ аз Ҳаракати алтернативии мадании ҷумҳуриявӣ мебошад.

Дар ҷараёни рӯз, қарор аст, нозирони САҲА ҳам баҳои худро ба интихоботи Озарбойҷон бидиҳанд. Вале дар интиқодҳои бархе нозирони мустақил, аз мушоҳида шудани овоздиҳии такрории мавсум бо истилоҳи “чархофалак” (“карусел”) хабар дода шуд. Бархе ба бахши озарии Радиои Озодӣ гуфтанд, мошини Ёрии таъҷилиро диданд, ки овоздиҳандагонро ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ интиқол медод. Як нозири дигари мустақил гуфт, ки ӯро аз нуқтаи раъйдиҳие, ки кор мекард, зада пеш карданд.

“Интихобот чизеро тағйир намедиҳад”?

Ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон, ки ҳамчунин дар остонаи интихоботи порлумонӣ қарор дорад ва натиҷаҳои онро пешгӯишаванда меноманд, ба интихоботи Озарбойҷон вокуниш накардаанд. Ин ду кишвар бо ҳам шарики сиёсӣ ба шумор мераванд.

Вале бархе соҳибназарон мегӯянд, Озарбойҷон давоми солҳои зиёд ба ҳукумати Тоҷикистон ба унвони як модел ё намунаи сиёсӣ хидмат мекунад. Озарбойҷон аввал шуда дар қаламрави собиқ Шӯравӣ имкони меросӣ шудани қудратро аз падар ба писар ба намоиш гузошт ва дар порлумон ҳузур ёфтани аксар намояндагони ҳизби президент ҳам чун як василаи дигари тақвияти қудрати раҳбари аввал интиқод шудааст.

Журналисти тоҷик Марат Мамадшоев мегӯяд, “элитаҳои худкомаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз якдигар ёд мегиранд. Вале азбаски интиқоли қудрат аз Алиеви калонӣ ба хурдӣ солҳо пеш анҷом шудааст, Тоҷикистон таҷрибаи ин кишварро ба инобат мегирад”.

Ӯ афзуд: “Озарбойҷон як кишвари сарватманд аст, дар шароити дигар ба сар мебарад ва дар орзуи пайвастан ба Аврупо аст. Вале ин чиз ҳайратовар аст, ки кишвари дорои созишномаи шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо ба порлумон ягон депутати мухолифи ҳукуматро роҳ намедиҳад. Мантиқи ин режимҳо ҳамин аст, ки бо гузашти сол назарҳои мухолифон таҳаммули камтар нишон медиҳанд”.

Айни замон, ба бовари ин хабарнигор, бо вуҷуди тағйири шаклии маҷлиси қонунгузор, ки як шохаи муҳими давлат аст, “хатти машйи кишвар тағйир намеёбад ва Илҳом Алиев ба танҳоӣ масъулиятро ба дӯш хоҳад дошт”.

“Тоҷикистон аз Узбекистон омӯзад”?

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дар интихоботи порлумонии моҳи март номзад шудааст, мегӯяд, "чун низоми сиёсии Озарбойҷон низ худкома аст ё ғаридемократӣ, натиҷаҳо воқеиятҳои сиёсӣ ва сатҳӣ будан ё набудани иродаи сиёсиро дар ин кишвар дар робита бо ташаккули парламент ва парламентаризм ифода мекунад. Аммо Тоҷикистони муосир ва равандҳои сиёсии он бештар бо Узбекистону Қазоқистон ва ҳам арзишҳое, ки аз Русия  ва Беларус бармеояд, шабоҳат дорад. Ба ҳар сурат, ба манфиати кор мешуд, ки дар Тоҷикистон таҷрибаи Узбекистонро татбиқ мекарданд, чун ба порлумон ворид шудани аҳзоби дигар низ ба манфиати кор аст."

Дубнов: Алиев ба ташаккули элитаи нави сиёсӣ иқдом кард

Таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар Маскав Аркадий Дубнов мегӯяд, интихоботи порлумонии Озарбойҷон бо ҳадафи “тақвияти қудрати Алиев анҷом шуд” ва  ҳадафаш “эҷоди қишри элитаи нави Озарбойҷон аст”. Ӯ мегӯяд, ин элита “дар замони ҳукмронии худи ӯ ташаккул ёфта, аз ӯ вобаста аст ва Илҳом Алиевро як пешвову улгуи худ эътироф мекунад”.

Дубнов мегӯяд, Алиев аз соли гузашта ба поккории сафи ҳукумат шуруъ кард ва  аз онҳое халос шуд, ки аз даврони падараш ба ӯ “мерос гузошта шуда буданд”. Баъди ин навбати порлумон шуд, ва ба гуфтаи ӯ, бо пешниҳоди мардум, “Алиев гӯё нишон дод, ки дар баробари тақозоҳои мардуми кишвар вокуниши сареъ нишон медиҳад ва дар вокуниш ба ин ки порлумон аз пайи беҳбуди иқтисодиву иҷтимоӣ нест, аз пайи ислоҳот шуд. Вале то ҳол касе намедонад, ки ин ислоҳот аз чӣ иборат мешавад.”

Аркадий Дубнов мегӯяд, Озарбойҷон, ки як кишвари ғанӣ аз нафту дигар захираҳои табиӣ аст, аз ҷониби элитаҳои сарватманд раҳбарӣ мешавад ва ҳамин мавқеаш “иҷоза медиҳад”, ки дар кишвар мухолифон фаъолият дошта бошанд. Мухолифон матбуоти худро доранд ва дар интихобот ҳам иштирок мекунанд. Дубнов айни замон гуфт, дар ин кишвар шахсияти президент аз ҳама боло буда, ӯ як “кафили амнияти миллӣ” аст ва Илҳом Алиев ба унвони “раҳбари кишваре талаққӣ мешавад, ки маҷбур аст ба таҷовузи беруна истодагарӣ кунад”.

Дар интихоботи порлумонии Озарбойҷон 1637 номзад расман сабтином шуданд. 19 ҳизби сиёсӣ 272 номзадро ба интихобот пешбарӣ кард, аз ҷумла, ҳизби ҳоким 123 номзадро ба қайд гирифт. Аз миёни мухолифон ҳизби “Мусовот” 25 ва ҳизби “Умед” 21 номзадро пешбарӣ кард. 81 узви порлумони кунунӣ дар интихоботи ахир барои дубора ворид шудан ба порлумон вориди рақобат шуданд.

Читайте на 123ru.net

Другие проекты от 123ru.net



Архангельск

Актера Игоря Меркулова похоронят на Николо-Архангельском кладбище



Жизнь

Неблагодарный батька или о чем говорил президент Белоруссии с делегацией Азербайджана?




Українські новини

Монтаж димоходів та вентиляційних систем у Києві



Новости 24 часа

«ЯРКО» провела развлекательную программу на фестивале «Крутая песочница»



Game News

Embracer has closed Alone in the Dark studio Pieces Interactive



Москва

18 человек попали в больницы с ботулизмом в Казани и Нижнем Новгороде



News Every Day

Virtual Luck: Exploring Vavada Casino



Блоги

Концертный директор для музыкантов. Концертный директор для певцов. Концертное агентство в Москве. Букинг агентство. Организация концертов и гастролей.



Москва

Белоусов "пошёл на Казахстан" с неприятными «дружескими» вопросами — рассказываю



Сергей Брановицкий

Кинопродюсер.



Москва

В Чехове проверили состояние дошкольного отделения школы № 1



ATP

«Ну и где здесь «группа смерти?» ATP показала, каким был бы Евро-2024 с теннисистами



Москва

В России запустили бесплатного цифрового ЗОЖ-помощника



Филипп Киркоров

Филипп Киркоров, Люся Чеботина, SHAMAN – 25 ярких звезд в Открытой студии «Авторадио» на «Премии МУЗ-ТВ 2024»



Симферополь

Выставка-посвящение «Первая дама советской скульптуры»



Москва

Как Россия уступила Азербайджану значительные территории Дагестана и два села



Москва

Москва-Пекин. Собянин в Китае подписал соглашение о сотрудничестве



Москва

Топ-5 самых ярких зарубежных архитектурных проектов на первичном рынке Москвы



103news.com — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 103news.com.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.

Другие популярные новости дня сегодня


Новости 24/7 Все города России





Топ 10 новостей последнего часа




Новости России

Токсичный бизнес: за медицинской помощью с симптомами отравления в Москве обратилось более 120 человек

СЕНСАЦИОННЫЙ ДОКЛАД ПРО ДЕЛО СКРИПАЛЕЙ, САФРОНОВА, ГОЛУНОВА.

Козлов сообщил, что Россия и КНДР прорабатывают открытие прямых рейсов

Россия и КНДР обсудили возможность запуска прямых авиарейсов


Москва

Галина Ржаксенская впервые стала участником ПМЭФ в Санкт-Петербурге






Rss.plus

СЕНСАЦИОННЫЙ ДОКЛАД ПРО ДЕЛО СКРИПАЛЕЙ, САФРОНОВА, ГОЛУНОВА.

В Дубне сотрудники Росгвардии помогли утиному семейству перейти оживленную трассу

ЭКСПЕРТ АНАТОЛИЙ ГОЛОД ПРЕДЛАГАЕТ СЕНСАЦИОННО УЛУЧШИТЬ НАЛОГОВУЮ СФЕРУ!

«ЯРКО» провела развлекательную программу на фестивале «Крутая песочница»

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о росте турпотока из Китая



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Билли Айлиш

Подняли с Пола: юбилейный раритет Маккартни и блуждания Билли Айлиш




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Лужниках состоялась церемония открытия Всероссийской Спартакиады Специальной Олимпиады

В УФСИН России по Республике Дагестан прошли лично-командные соревнования по легкой атлетике

Военно-спортивный фестиваль Росгвардии в «Лужниках» собрал более 20 000 москвичей и гостей столицы


Большой шлем

Рублёв и еще два российских теннисиста не сыграют на Олимпиаде в Париже



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


МОК

МОК не допустил до Олимпиады сильнейших борцов и тхэквондистов из России



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России