Бемории нав ду нафари дигарро дар Эрон ҳалок кард
Мақомоти Эрон мегӯянд, ду нафари дигар бар асари сирояти вируси нав ба ҳалокат расидаанд ва ҳамингуна теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ дар кишвар ба 8 нафар расид. Баъд аз Чин маркази хуруҷи беморӣ, Эрон дуввумин кишвари дунё бо болотарин талафот аз вируси COVID-19 шуд.