Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Анталия ду дастаро бурданд
![Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Анталия ду дастаро бурданд](https://gdb.rferl.org/A3A26A64-D77E-4C77-9A81-BCB6D766882C_w800_h450.jpg)
Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии охирини санҷишӣ дар Анталияи Туркия аз тими ҷавонони ССКА-и Маскав бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии панҷуми санҷишии мунтахаби ҷавонони кишвар дар Анталия бо дастаи ҷавонони ССКА-и Маскав рӯзи шанбе, 22-юми феврал, доир гардид. Голи ягонаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро Исмоилҷон Алимардонов ба самар расонид.
Аз ин пеш футболбозони ҷавони тоҷик дар Анталия аввалин бозии санҷиширо муқобили мунтахаби ҷавонони Гурҷистон (U-19) бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дода, дар бозии дувум аз бошгоҳи «Виборг»-и Дания бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд. Сипас дар бозии севум бар дастаи ҷавонони «Спартак»-и Маскав бо ҳисоби 3:2 ва дар бозии чаҳорум бар тими «КФУМ Роскилле» аз Дания бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуданд.
Бояд гуфт, ки ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 14-ум то 31-уми октябр дар Узбекистон доир мегардад.
Бозиҳои санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар Анталия
Тоҷикистон (U-19) – Гурҷистон (U-19) – 0:0
12-уми феврал. Анталия, Туркия.
Тоҷикистон (U-19) – «Виборг» (U-19, Дания) – 0:4
15-уми феврал. Анталия, Туркия.
Тоҷикистон (U-19) – «Спартак» (Маскав, ҳайати ҷавонон) – 3:2
Голҳо: Ислом Зоиров (3) – Аслан Муталиев, Иля Левченков.
17-уми феврал. Манавгат, Туркия. Варзишгоҳи «Эвренсеки».
Тоҷикистон (U-19) – «КФУМ Роскилле» (U-19, Дания) – 2:1
Голҳои Тоҷикистон: Суннатулло Исмоилов, Муҳаммадалӣ Азизбоев.
19-уми феврал. Анталия, Туркия.
Тоҷикистон (U-19) – ССКА (Маскав, ҳайати ҷавонон) – 1:3
Голи Тоҷикистон: Исмоилҷон Алимардонов
22-юми феврал. Анталия, Туркия.