Боздошти гуруҳи ҷиноӣ дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон
Кормандони департаментҳои пулис ва амнияти миллии вилояти Туркистони Қазоқистон гуруҳи ҷиноиеро бо номи "Сариагашские" боздошт карданд.
Ба иттилои Polisia.kz, аъзои гуруҳ дар гузаргоҳи марзии "Капланбек"-и Қазоқистон бо Узбекистон тамаъҷӯӣ мекардаанд. Онҳо тайи муддати тӯлонӣ аз ронандаҳои мошинҳои боркаши кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои гузаштан аз сарҳад 15000 то 50000-тангаӣ (ҳудуди аз 40 то 133-долларӣ) талаб мекардаанд.
Агар ронандаҳо пул надиҳанд, онҳоро таҳдиду латтукӯб карда, шишаи мошинҳоро мешикастаанд. Ҷамъан 13 кас боздошт шуда, ҳамаашон сокини вилояти Туркистонанд.
Гумонбарон ба ҳабс гирифта шуда, алайҳи онҳо бо банди "Тамаъҷӯӣ" парванда боз шудааст.