Беқурбшавии рубли русӣ ба хонаводаҳои тоҷик ҳам таъсир хоҳад дошт
![Беқурбшавии рубли русӣ ба хонаводаҳои тоҷик ҳам таъсир хоҳад дошт](https://gdb.rferl.org/9344abe0-5654-4ce5-b63d-324f175dbe87_tv_w800_h450.jpg)
Рубл пули милли Русия дар чанд рӯзи охир арзиши худро аз даст медиҳад. Рӯзи 10-уми март нархи он якбора 5 дарсад поин рафт ва коршинсон ин рӯзро барои рубл “сешанбеи сиёҳ” унвон карданд.Русия кишварест, ки бахши аъзами муҳоҷирони тоҷикро бо кор таъмин мекунад ва даромади муҳоҷирон бо рубл аст.