Тамрини наврӯзии хонандагон дар Хуҷанд. Худсарона ё амри боло? ВИДЕО
Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус тамрини роҳпаймоиҳо ё маршировкаро муваққатан қатъ карданд, ин шабу рӯз дар Хуҷанд машқи ҳазорҳо хонанда ва донишҷӯ идома дорад. Онҳо барномаи идонаи ҷашни асосии Наврӯзи имсола дар маркази вилоят Суғдро тамрин мекунанд.