Вируси корона. Трамп вуруди мусофирон аз Аврупоро барои як моҳ манъ кард
![Вируси корона. Трамп вуруди мусофирон аз Аврупоро барои як моҳ манъ кард](https://gdb.rferl.org/E43D15FE-D23C-4509-AF00-A244C7DFA60E_w800_h450.jpg)
Доналд Трамп, президенти Амрико шоми чаҳоршанбеи 11-уми март дар як барномаи телевизионӣ дар бораи паҳншавии коронавирус дар ин кишвар суханронӣ кард. Ӯ дар ин суханронӣ чораҳои ҳукумати Амрико барои мубориза бо паҳншавии ин бемориро шарҳ дод.