Чор даста дар нимфинали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон
Дар мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷараён дорад, баъди натиҷагирии бозиҳо дар ҳарсе гурӯҳ дастаҳои “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, “Душанбе-83”, "Истаравшан"-и Истаравшан ва ССКА-и Душанбе ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо карданд.
«Кӯктош», ки дар гурӯҳи “А” дар ҳарсе бозӣ бар «Душанбе-83» бо ҳисоби 1:0, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 ва “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. «Душанбе-83», ки бар «Хатлон» ва «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омад, мақоми дувумро азони худ кард.
Дар гурӯҳи «Б» «Истаравшан”, ки «Файзканд»-ро бо ҳисоби 2:0 ва ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 10:0 шикаст дод, бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифт.
Дар гурӯҳи «В» ССКА, ки дар ҳарду бозӣ бар ҳайати эҳтиётии «Хуҷанд» бо ҳисоби 6:0 ва «Локомотив-Помир» бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад, бо 6 имтиёз ҷойи аввалро ишғол кард.
Ба ин тартиб, тибқи дастури Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон аз гурӯҳи «А» ду даста – «Кӯктош» ва Душанбе-83, аз гурӯҳҳои «Б» ва «В» якдастаӣ – «Истаравшан» ва ССКА - ба нимфинал роҳ пайдо карданд.
Дар даври ниманиҳоӣ имрӯз, 16-уми март, «Кӯктош» бо «Истаравшан» ва ССКА бо «Душанбе-83» рақобат мекунанд.
Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020
Гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
«Душанбе-83» – «Кӯктош» – 0:1
«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1
Даври 2-юм
«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2
«Душанбе-83» – «Хатлон» – 1:0
Даври 3-юм
«Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83» – 0:1
«Хатлон» – «Кӯктош» – 2:5
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Кӯктош»
3
3
0
0
9-4
9
2
Душанбе-83»
3
2
0
1
2-1
6
3
«Хатлон»«
3
1
0
2
4-7
3
4
«Регар-ТадАЗ»
3
0
0
3
3-6
0
Гурӯҳи«Б»
Даври 1-ум
«Истиқлол» – «Истаравшан» – 0:10
Даври 2-юм
«Файзканд» – «Истиқлол» – 9:3
Даври 3-юм
«Истаравшан» – «Файзканд» – 2:0
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Истаравшан»
2
2
0
0
12-0
6
2
«Файзканд»
2
1
0
1
9-5
3
3
«Истиқлол»
2
0
0
2
3-19
0
Гурӯҳи «В»
Даври 1-ум
«Хуҷанд» – ССКА – 0:6
Даври 2-юм
«Локомотив-Помир» – «Хуҷанд» – 1:0
Даври 3-юм
ССКА – «Локомотив-Помир» – 1:0
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
ССКА
2
2
0
0
7-0
6
2
«Локомотив-Помир»
2
1
0
1
1-1
3
3
«Хуҷанд»
2
0
0
2
0-7
0
Тақвими бозиҳои боқимонда
Нимфинал
16-уми март (душанбе)
10:30 – «Кӯктош» – «Истаравшан». Варзишгоҳи Бонки миллӣ
14:30 – ССКА – «Душанбе-83». Варзишгоҳи «Баҳористон»
18-уми март (чоршанбе)
10:30 – Бозӣ барои ҷойи севум. Варзишгоҳи Бонки миллӣ
14:30 – Финал. Варзишгоҳи «Баҳористон»