Профессори амрикоӣ мегӯяд, пеши роҳи коронавирусро метавон гирифт
![Профессори амрикоӣ мегӯяд, пеши роҳи коронавирусро метавон гирифт](https://gdb.rferl.org/07C46552-8956-4DF8-99A1-6199A9FC71D2_w800_h450.jpg)
Як профессори амрикоӣ мегӯяд, роҳҳои монеъ шудан ба густариши бемории КОВИД-19 вуҷуд дорад. Лорен Энсел Мeйерс, профессори омору биология дар Донишгоҳи Остин дар Техас дар сӯҳбат бо Садои Амрико изҳори умедворӣ кард, ки кишварҳои ҷаҳон қодир ба кашидани лаҷоми ин беморӣ ҳастанд.