Дар интихоботи такрории президентии Абхозистон раҳбари мухолифон баранда шуд
Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба натиҷаҳои пешакии интихоботи такрории президентии Абхозистон – минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон навишт, ки раҳбари мухолифон Аслан Бжания барандаи ин сабқат шудааст. Дар нақли қавл аз як узви беноми комиссиюни марказии интихоботи Абхозистон, хабаргузорӣ гуфт, ки дар паи шумориши 56,5 дарсади овозҳо, Бжания пештози ин сабқати сиёсӣ дониста мешавад.
Дар овоздиҳии рӯзи 22 апрел 71 дарсади овоздиҳандагон иштирок карданд. Интихобот дар сурати ширкати беш аз 50 дарсади ширкатдорон баргузоршуда маҳсуб меёбад. Вазири иқтисод Адгур Ардзинба 35,42 %, собиқ вазири умури дохилӣ Леонид Дзапшба 2,22 % овоз гирифта, 1,75 % зидди ҳама овоз доданд.
Интизор меравад, ки маросими савгандёдкунӣ баъди 30 рӯзи эълони натиҷаҳои расмии интихобот баргузор мешавад.
Интихоботи президентии Абхозистон талоши охир барои ба эътидол овардани вазъ дар ин ҷумҳурии ҷудоиталаб аст, ки баъди ба бӯҳрон печидани натиҷаҳои интихоботи аввали президентӣ натиҷаҳоро бекор карда буд. Ғалабаи Раул Хаҷимба боиси эътирозҳои шадид шуд ва додгоҳи олӣ маҷбур шуд натиҷаҳои овоздиҳии пешинаро бекор ва баргузории интихоботи навро иҷоза диҳад.