Нодида гирифтани хатари корона: Дар Узбекистон баргузории тӯйҳо идома доранд
Сарфи назар аз паҳншавии вируси корона ҳукумати Узбекистон баргузории туйҳоро манъ накардааст. Аммо бархе аз сокинони Узбекистон бино бар эҳтимоли манъшавии маъракаҳо, туйҳои дар моҳи апрел тарҳрезишудаашонро дар моҳи март баргузор мекунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тарабхонаҳо барои баргузории маъракаҳо дар моҳи оянда ҳам фармоиш мегиранд. Як сокини шаҳри Тошканди Узбекистон гуфт, вай маҷбур шуд, ки бо дархости тарабхона санаи туйи писарашро аз 1 апрел ба 31 март иваз кунад.
"Соҳиби тарабхона гуфт, онҳо нигаронанд, ки шояд аз 1 апрел баргузории тую маъракаҳо манъ шавад. Ба ҳамин хотир мо маҷбур шудем санаи туямонро тағйир диҳем",-гуфт ин сокини шаҳри Тошканд, ки нахост номаш бурда шавад.
Баҳодур Элибоев, блогнавис ва рӯзноманигори мустақили узбекистонӣ гуфт, айни ҳол дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона мавсими туйҳо дар авҷ аст. "Инҷо ҳеч ҳангомае нест. Туйҳо мисли пешин баргузор мешаванд. Чанд рӯз пеш ман дар як тӯй будам. Ходимони тарабхона ниқоби тиббӣ доштанд, аммо аз меҳмонон касе ниқоб надошт", - гуфт Элибоев.
Дар Узбекистон сар аз 16-уми март ба ин тараф дар ҳамаи муассисаҳои давлатӣ ва муассисаҳои хусусии таҳсилотӣ карантин эълом шудааст. Дар он кишвар тамоми чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла таҷлили Наврӯз манъ шуд. Вале мақомоти он кишвар дар бораи тӯйҳо ҳеҷ тасмиме нагирифтаанд.