Роҳи бастаи Дарвозро дигарбора боз карданд
Мақомоти расмӣ мегӯянд, як роҳи муҳимеро, ки пойтахти Тоҷикистонро ба ноҳияи Дарвоз мепайвандад, дигарбора барои ҳаракат боз кардаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, гуфт, Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои ноҳияи Сангвор бо сафарбар кардани нақлиёт ба маҳалли ҳодиса, роҳи мошингарди Лаби Ҷар - Сангвор-Дарвозро аз сангу шағал пок ва соати 10 шаб барои ҳаракат боз кардааст. Роҳи мазкур Душанбе ва чанд ноҳияи дигарро ба ноҳияи Дарвоз мепайвандад.
Роҳи мазкур ба сабаби борони сел ва рехтани сангу шағали зиёд рӯзи 24-уми март баста шуд ва мошину мусофирони зиёде дар ду тараф дармонданд. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рӯзи 25-уми март хабар доданд, ки ҳоло мошинҳо аз ҳарду тараф бемамониат ҳаракат мекунанд, аммо айни замон хавфи дубора омадани сел ва баста шудани роҳ вуҷуд дорад. Роҳи аз канору болои дарёи Хингоб мегузарад, ки ҳар сол туғёни он дар фасли баҳор ба роҳу пулҳои болои он осеб мерасонад.