Суперҷом ва бозиҳои қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бе тамошобин мегузаранд
Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии кишвар, инчунин бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 муваққатан бе тамошобин баргузор мешаванд.