Тоҷикистон дигар аз Чин ниқоб намеорад, дар дохил медӯзанд
Бо зиёд шудани талабот ба ниқобҳои тиббӣ дар Тоҷикистон бархе аз корхонаҳои нассоҷӣ шеваи корӣ худро тағйир дода, ба тавлиди ниқоб шурӯъ карданд. Ҳоло дар дорухонаҳои Душанбе, дарёфти ниқобҳои чинӣ кори осон нест ва дар ин нуқтаҳо ба харидорон ниқобҳои тиббии тавлидоти дохилӣ пешниҳод мешаванд.