Ҷовидонро барои саркашӣ аз сарбозӣ ду сол зиндонӣ карданд
Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе як пайрави созмони "Шоҳидони Яҳво"-ро бо гуноҳи саркашӣ аз хидмат дар артиши Тоҷикистон ба ду соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми Ҷовидон Бобоҷонови 20-сола рӯзи 1-уми апрел содир шуд.