"Ба патент пул надорем" Дархости лағви андозу патенти муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО
Аксар муҳоҷирони тоҷик дар Русия шикоят доранд, ки мақомот дар давраи "карантин" ба онҳо сабукӣ надодаанд. Онҳо талаб доранд, дар муддате, ки муҳоҷирон дар ҷое кор намекунанд ва барои пешгирӣ аз густариши коронавирус дар хона нишастаанд, аз пардохти пули патент ва андоз муваққатан озод карда шаванд.