Қирғизистон гуфт, пеш аз бастани марзҳо 30 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ватанашон роҳ додааст
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар санаи 21 март ба 30 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати Русия баргашта буданд, иҷоза доданд, ки аз марз убур кунанд. Рӯзи 3 апрел намояндаи маркази иттилооти комедатураи шаҳри Ӯш ва Қарасӯи ноҳияи Нокати вилояти Ӯш Ҷениш Аширбоев ба бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин гурӯҳи муҳоҷирон аз гузаргоҳи марзии "Карамык-автожол”-и ноҳияи Чонолойи вилояти Ӯш ба Тоҷикистон ворид шуданд.
Аширбоев гуфтааст, ки ин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дар паи музокираҳои вазоратҳои умури хориҷаи ду кишвар як рӯз пеш аз ҷорӣ шудани режими ҳолати фавқулодда дар Қирғизистон бо сабаби пандемияи коронавирус ба ватан ворид шуданд. Ӯ гуфтааст, ки бар асоси муқаррароти ҳолати изтирорӣ, он замон ба шаҳрвандони хориҷӣ амр шуд, ки дар ду рӯз хоки Қирғизистонро тарк кунанд. Дар паи ин Қирғизистон марзҳояшро бо кишварҳои ҳамсоя баст.
Рӯзи 3 апрел шумори олудашудаҳо ба коронавирус дар Қирғизистон 130 нафарро ташкил дод ва дар ин рӯз хабари марги як нафар бар асари Ковид-19 тасдиқ шуд. Дар Тоҷикистон мақомот мегӯянд, ки ҳеҷ ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале тадбирҳои пешгирикунанда аз эҳтимоли олудашавӣ ба вирусро аз роҳи бастани марзҳову қатъи парвозҳо ҷорӣ кардаанд.
Мақомоти қирғиз гуфтанд, ки гурӯҳи синафараи ба Тоҷикистон баргашта муҳоҷирони корие буданд, ки аз Русия омада буданд. “Баъди ҷорӣ шудани ҳолати фавқулодда ба дигар шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи берун шудан аз хоки Қирғизистон дода нашуд”, мегӯянд мақомот. Ҳоло кор барои ба Узбекистон роҳ додани шаҳрвандони дармонда дар Қирғизистон идома дорад, гуфт манбаъ. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳама афроди воридшаванда ба кишвар амр шудааст, ки дар карантини 14-рӯза дар муассисаҳои вижаи тиббӣ қарор дошта бошанд.
Айни замон маълум нест, ки чӣ шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби ҷорӣ шудани ҳолати изтирориву баста шудани марзҳо дар хоки Қирғизистон мемонанд.
Фаъолони ҳуқуқ вазъи муҳоҷирони кории дармонда дар Русияро нигаронкунанда меноманд, чунки бо бӯҳрони коронавирус садҳо нафар бекору даромад монда, бо сабаби қатъ шудани парвозҳо ба хона ҳам баргашта наметавонанд. Айни замон, ин муҳоҷирон мувофиқ ба қонунҳои Русия бояд хароҷоти ҳатмии будубош дар Русия, ба мисли пули гарони патентро пардохт кунанд. Маълум нест то куҷо дар Русия, ки бисёр корхонаҳояш баста шуда, мардум то охири апрел ба карантини хонагӣ фиристода шудаанд, дар муқаррароти будубоши муҳоҷирони корӣ сабукӣ ҷорӣ мекунад.