$10 миллион ҷоизаи Амрико барои маълумот дар бораи Кавсаронӣ
![$10 миллион ҷоизаи Амрико барои маълумот дар бораи Кавсаронӣ](https://gdb.rferl.org/74761603-AC3E-4324-AC0C-9DE9557AE7A5_cx17_cy0_cw66_w800_h450.jpg)
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои пешниҳоди маълумоте, ки ба боздошти як фармондеҳи баландпояи шохаи низомии "Ҳизбуллоҳ" кумак кунад, 10 миллион доллар ҷоиза таъин кард.
Муҳаммад Кавсаронӣ бо Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи кушташудаи нерӯи қудси Эрон дар Ироқ, ҳамкорӣ доштааст.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, дар ивази дарёфти иттилоот дар мавриди фаъолият, шабакаҳову ҳамкорони Кавсаронӣ подоши молӣ мепардозад. Дар идома омадааст, Кавсаронӣ дар ҳамоҳанг кардани гурӯҳҳои шӯришии зери ҳимояти Эрон дар Ироқ нақши калидӣ доштааст.
Вашингтон гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро ба ҳайси созмони террористӣ мешиносад.
Иёлоти Муттаҳида Муҳаммад Кавсарониро дар соли 2013 дар рӯйхати сиёҳи терроризми байналмилалӣ қарор дод.