Дар Абхозистон - ҷумҳурии ҷудоиталаби Гурҷистон Бжания савганди президентӣ ёд кард
Аслан Бжания, барандаи интихоботи де факто президентии Абхозистон, ки як ҷумҳурии ҷудоиталаби Гурҷистон мебошад, ба мӯҳлати панҷсолаи раҳбарӣ савганд ёд кард. Дар маросими савгандёдкунии рӯзи 23 апрел дар Сухумӣ ӯ ваъда дод, ки бо Русия аз наздик ҳамкорӣ хоҳад кард. Абхозистон соли 1992 истиқлолияти худро аз Гурҷистон эълон кард, вале ин қарор боиси шурӯи ҷанг бо Тифлис шуд. Русия истқлолияти ду ҷумҳурии ҷудоиталаби Гурҷистон – Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ба расмият шинохт ва соли 2008 Русияву Гурҷистон вориди як ҷанги кӯтоҳмуддат шуданд. Танҳо чанд кишвари дигар дар ҷаҳон истиқлолияти ин ду ҷумҳуриро эътироф карданд. Русия то ҳол нирӯҳояшро дар ин манотиқ нигаҳ медорад. Бжания дар паи бекор шудани натиҷаҳои интихоботи чанд моҳи пеш ва эътирозҳо аз тақаллуби натиҷаҳо дар овоздиҳии такрорӣ баранда шуд.