Дар Узбекистон соҳибкоронро ба кӯмакрасонӣ маҷбур мекунанд
Дар Узбекистон аз соҳибкорон талаб доранд, ки дар давраи паҳншавии коронавирус ба ниёзмандон кӯмак расонанд. Соҳиби як мағозаи фурӯши ғизо дар Бухоро нақл кард, ки чӣ гуна мақомоти маҳаллӣ аз вай талаб кардаанд, ба ниёзмандон кӯмак расонад.
"Ҳафтаи гузашта омаданду гуфтанд, мо ба ту дар дарёфти қарзи боимтиёз кӯмак мекунам ва ту ҳам ба мо кӯмак расон. Вақте ман рад кардам, онҳо ишора карданд, ки мушкил эҷод хоҳанд кард. Ҳеҷ соҳибкор намехоҳад, ки мағозааш баста шавад. Моро маҷбур доранд, ки ба ниёзмандон кӯмак расонем. Ман 20 халта орд, 5 халта биринҷ, 5 халта шакар ва миқдоре равғани растанӣ ба маркази тақсими кӯмакҳо расонидам. Мо аз кӯмак кардан сарпечӣ намекунем, вале мақомот ҳам бояд вазъи моро дарк кунанд",-шикоят кард соҳибкор.
Иддае аз соҳибкорони узбек гуфтанд, мухолифи расонидани ёрӣ нестанд, аммо дар шаффоф будани фаъолияти маркази давлатии ҷамъоварии кӯмакҳо шубҳа доранд.
Як тоҷир аз шаҳри Андиҷон нақл кард, ки чи гуна раиси маҳалла аз вай талаби кӯмак кардааст.
"Ман пештар ба хонаводаҳои ниёзманд кӯмак расонида будам. Ба раиси маҳалла ҳам фаҳмондам, ки ниёзмандони маҳалларо медонам ва бевосита кӯмак расонидам. Раиси маҳалла дар посух гуфт, ки дар ин давра бояд кӯмакҳоро ба маркази тақсими ёриҳо расонд. Ман шубҳа дорам, ки ин теъдод кӯмакҳо ба куҷо мераванд? Касе посух намедиҳад", - гуфт тоҷир.
Ин дар ҳолест, ки мақомот мегӯянд, дар давраи паҳншавии коронавирус соҳибкорон довталабона кӯмак мерасонанд.
Намояндаи Вазорати пуштибонӣ аз маҳаллаҳо ва хонаводаҳо дар Узбекистон гуфт, кӯмакҳо дар шакли маҳсулоти хӯрокворӣ дар Маркази ягонаи ҳамоҳангсоз, ки дар ҳар кадом шаҳру ноҳияи кишвар ташкил шудааст, ҷамъ ва баъдан ба ниёзмандон тақсим мешаванд.