Гурҷистон гуфт, агар Украина ба Саакашвилӣ мақом диҳад, кори дурусте намекунад
![Гурҷистон гуфт, агар Украина ба Саакашвилӣ мақом диҳад, кори дурусте намекунад](https://gdb.rferl.org/342A843F-3A31-43EB-AFC5-8B08FE288B6D_w800_h450.jpg)
Ҳукумати Гурҷистон бо раҳбарии яке аз душманони сиёсӣ ва деринаи раиси ҷумҳури собиқ Михаил Саакашвилӣ гуфтааст, таъйини ин сиёсатмадор ба мақоми муовини нахуствазири Украина ба муносибатҳои ду кишвар таъсири манфӣ мегузорад.
Гиорги Гахария, нахуствазири Гурҷистон рӯзи 24-уми апрел гуфт, таъйини фарде, ки дар зодгоҳаш ба ҷиноят муттаҳам ва барои сӯистифода аз мақом ҷустӯҷу мешавад, “ғайриқобили қабул аст”. Ӯ гуфт, агар Украина Саакашвилиро муовини нахуствазир таъйин кунад, соддатарин кори Гурҷистон бозпас хондани сафираш аз Киев хоҳад буд.
Дар Киев вакилони мардумӣ аз Ҳизби ҳокими Хидматгори халқ дар бораи таъйини Саакашвилӣ ба мақоми масъули ислоҳот дар Украина назари яксон надоранд. Михаил Саакашвилӣ, ки бояд номзадиашро порлумон тасвиб кунад, ба хабарнигорон гуфт, раиси ҷумҳур Володимир Зеленский аз ӯ хостааст, барои гирифтани қарз бо Сандуқи Байналмилалии Пул гуфтугу кунад.
Ба гуфтаи ӯ, Украина, ки ҳоло ба сабаби пандемияи коронавирус ва дастгирии иқтисодаш ба кӯмаки Сандуқи Байналмилалии Пул сахт мӯҳтоҷ шудааст, “баъди ба даст овардани истиқлолият ба сахттарин имтиҳони иҷтимоӣ ва иқтисодӣ” дучор омадааст.