Фарзандони Ҳотамов гуфтанд, орзуҳои падарро амалӣ мекунанд
![Фарзандони Ҳотамов гуфтанд, орзуҳои падарро амалӣ мекунанд](https://gdb.rferl.org/b0b2ba34-588f-4647-8a71-1b7758d47d6a_tv_w800_h450.jpg)
Марги Абдуфаттоҳ Ҳотамов, кимиёдони тоҷик ва бунёдгузори литсейи хусусии "Ҳотам ва ПВ", бисёриҳоро дар кишвар озурда кардааст. Cоҳибназарон мегӯянд, саҳми ӯ дар рушди бахши маориф чашмрас аст ва набуданаш бохте бузург мебошад. Ҳотамов шоми 26-уми апрел бар асари сактаи қалбӣ дар Душанбе даргузашт ва ӯро 27-уми апрел дар зодгоҳаш, деҳаи Чамани ноҳияи Ваҳдат, дафн карданд.