Сенарияи густариши COVID-19 дар Тоҷикистон. Пули Бонки Ҷаҳонӣ ба чӣ сарф мешавад?
Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо бемории COVID-19 сенарияи эҳтимолии густариши вирус ва шумораи тахминии беморон ва қурбониёнро муайян кард. Ҳукумати Тоҷикистон 30-юми апрел гуфт, ки 15 нафар ба коронавирус сироят шуданд, вале ҷузъиёт надод.