Абубакр Зубайдиро зери чораҳои эҳтиётӣ дар Панҷакент дафн кардаанд. ВИДЕО
Абубакр Зубайдӣ (Зубайдов), овозхон ва олими шинохтаи тоҷикро дар оромгоҳи деҳаи Рукнободи Панҷакент дафн карданд.
Ӯ рӯзи дувуми май дар 62-солагӣ дар бемористони машҳур бо номи "Якум Советский"-и шаҳри Душанбе, ки ҳафтаҳои ахир ба маҳалли беморони, ба гуфтаи мақомот, илтиҳоби шуш табдил ёфтааст, даргузашт.
Наздиконаш гуфтанд, ӯ ба сабаби бемории ҳамагири КОВИД-19 фавтид. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи шанбе марги ду нафар аз коронавируси навро тасдиқ карданд, вале ному насаби онҳоро ошкор нанамуданд.
Абдуворис Содиқов, сокини деҳаи Рукнобод, рӯзи 3-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҷасади Абубакр Зубайдӣ бо селофан печонида шуда буд ва баъди ба хок супурдан селофанро оташ задаанд". Ба қавли ӯ, дар маросими дафн чанд пизишк ва маъмури милиса ҳузур доштанд.
Абубакр Зубайдӣ солҳои дароз дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба тарбияи ҳунармандон машғул буд. Ӯ баъди як моҷаро бо раиси онвақтаи Донишкадаи давлатии санъат Аслиддин Низомов аз ин муассиса рафт. Зубайдӣ ва чанд устоди дигари донишкада Низомовро ба муносибати дағалона бо зердастон муттаҳам карда, гуфта буданд, ки дар пайи фишори раҳбар беш аз даҳ муаллим тарки донишкада кардаанд.
Пайвандонаш мегӯянд, ӯ дар баробари овозхонӣ пайваста ба корҳои илмӣ машғул буд ва беш аз 70 мақолаи илмиву оммавӣ навиштааст. Муаллифи китобҳои "Насими анбарафшон", "Таърихи мусиқии касбӣ-композитории тоҷик" ва "Мусиқии тоҷик дар даврони истиқлол" аст.
Аз соли 2011 дар мақоми муовини мудири Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон кор мекард.