Таркиши мошини бомбгузоришуда дар Ғазнӣ 7 нафарро кушт
Таркиши мошини бомбгузоришуда аз тарафи Толибон, ки пойгоҳи истихборотӣ дар шарқи Афғонистонро ҳадаф қарор дод, ба камияш 7 нафарро кушта ва даҳҳо каси дигарро маҷруҳ кард. Ҳодиса 18-уми май рух дод.
Ориф Нурӣ, сухангӯи волии Ғазнӣ, гуфт, шахси маргталаб дар ин ҳамла аз мошини ҳарбии Humvee истифода кардааст. Ба қавли ӯ, ҷангҷӯён мошинро қаблан дуздида ва дохилашро бо маводи тарканда пур карда буданд. Мошин дар даромадгоҳи пойгоҳи истихборотӣ мунфаҷир шудааст.
Толибон масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифта, иддао карданд, ки даҳҳо нирӯи вижаро кушта ё захмӣ намуданд. Ориф Нурӣ мегӯяд, дар ин ҳамла 7 нафар ба ҳалокат расида, дастикам 40 кас захмӣ шудаанд.
Носир Аҳмад Фақирӣ, раиси шӯрои вилоятии Ғазнӣ, талафотро тасдиқ кард. Ваҳидуллоҳ Ҷумъазода, намояндаи дигари Ғазнӣ гуфт, ҷангҷӯён як бахши идораи амнияти миллиро дар шаҳри Ғазнӣ ҳадаф қарор доданд. Вай гуфт, бештари қурбониён кормандони истихборот ҳастанд.
Ҳамла як рӯз пас аз имзои тавофуқнома миёни раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва рақибаш Абдуллоҳ Абдуллоҳ сурат гирифт. Бар асоси созишнома қудрат миёни ду кас тақсим шуда ва ба буҳрони сиёсие, ки аз моҳи сентябри соли 2019 боз идома дошт, нуқта гузошт.