Пизишки тоҷик пулҳои ҷамъкардаи худро барои кумак ба ҳамкорон сарф кард. ВИДЕО
Ширин Назирмадова, пизишки 60-сола, дар бемористони марказии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон кор мекунад. Вай бо нияти сафари ҳаҷ пул ҷамъ карда буд, вале густариши коронависи нав дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ва баста будани роҳҳо аз нияташ гашт.