Дар ғарби Қазоқистон тоҷирон кушодашавии бозорро талаб доранд
Тоҷирони бозори қисмҳои эҳтиётии мошинҳои "Көл-Auto" дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон талаби сабук кардани карантин ва боз шудани бозорро доранд.
Даҳҳо тан аз тоҷирони ҷамъшуда гуфтанд, ки аз 30-юми март ба ин тараф дар хона мешинанд ва гирифтори мушкили иқтисодӣ шудаанд.
Тоҷирон мегӯянд, барояшон муаамост, ки чаро 5-уми май бозор боз ва дубора рӯзи 7-уми май баста шуд.
"Комисияи ҳукумати шаҳр омад, бозорро санҷид ва хулоса дод, ки "ба талаботи беҳдоштӣ мувофиқ аст". Мо дарҳои бозорро боз кардем, аммо 7-уми май мақомоти беҳдоштиву эпидемиологӣ омаданд ва бозорро дубора бастанд", - гуфт Ирина Моисейченко, намояндаи бозори мазкур.
Дар ин бозор ҳудуди 100 соҳибкор ба тиҷорат машғул аст ва ҳудуди бозор наздики 2 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Пештар аз ин вазорати тандурустии Қазоқистон гуфта буд, дар сурати беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ муассисаҳои тиҷории дорои то 2 ҳазор метри мураббаъ метавонанд, дарҳояшонро боз кунанд.
Бино бар омори ахир, то рӯзи 19-уми май дар Қазоқистон 6751 ҳолати гирифторӣ ва 35 ҳолати фавт аз вируси корона сабт шудааст.