Мансабдори узбек ба хат задани "деҳаи ҷанҷолӣ"-и Сӯх аз харита таҳдид кард
Дар шабакаҳои иҷтимоии Узбекистон чанд навору видеое паҳн шудааст, ки дар онҳо марде садояш монанд ба садои раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев сокинони ноҳияи Сӯхро ба бастани марз ва хат задани "деҳаҳои ҷанҷолии ноҳия" аз харитаи он кишвар таҳдид мекунад.
Маъмурияти вилояти Фарғона то ҳол ин наворҳоро шаҳр надодааст. Вале садои марде, ки сокинонро дар он наворҳо таҳдид мекунад, ба садои раиси ин вилоят монанд аст.
Марде, ки дар наворҳо садояш сабт шудааст, ба зиндонӣ кардани 74 сокини маҳаллӣ ва хат задани "деҳаҳои ҷанҷолӣ" аз харитаи Узбекистон таҳдид карда, мегӯяд, ҷазирақаламрави Сӯхро дар ҳудуди Қирғизистон аз таъминот маҳрум хоҳад кард.
"74 нафарро бо худ ба Фарғона барем, ё не? Агар ин гуна ҳодиса дубора рух диҳад, ман дигар ба инҷо намеоям! Кӣ аз Ленбург (деҳаи узбекӣ дар Сӯх) омадааст? Агар деҳа ҷанҷолӣ аст, бо он дар харита чӣ кор кунем? Аз харитаи Сӯх онро хат зада, таъминотро қатъ хоҳем кард. Магар шумо дар инҷо нишастаед, ки барои мо мушкил эҷод кунед? Мехоҳед, ки 74 ҷавони маҳаллиро зиндонӣ кунем? Ба сардори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додситон рӯйхат омодааст? Хуб, созиш кардем, 74 касро ба зиндон мефиристем", - таҳдид мекунад мансабдор.
31-уми май миёни сокинони деҳаи Чашмаи ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон ва деҳаи наздимарзии Қирғизистон задухӯрд сурат гирифта, ба иттилои расмӣ, 187 шаҳрванди Узбекистон ва 25 шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шуданд.
Дар пайи задухурд сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов, раиси Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар Абдусалом Азизов ва раиси Фарғона Шуҳрат Ғаниев 1-уми июн ба маҳалли ҳодиса рафтанд.
Фаъолони Сӯх дар вохӯрӣ бо раиси ҳукумати Узбекистон ба фаъолияти раҳбарияти Фарғона шадидан норозигӣ баён карданд.
"Моро таҳдид кард, ки ноҳияро аз харита хат зада, марзро мебандад", - гуфтанд онҳо. Сипас тамоми ҷамъшудаҳо шиор партофтанд, ки "Бигузор Ғаниев биравад!"