Дар Амрико ёди Флойдро гиромӣ доштанд ва хоҳони ислоҳи шеваҳои кори пулис шуданд
Фаъолони маданӣ, сиёсатмадорон ва шахсиятҳои номдори Амрико рӯзи 4-уми июн дар аввалин аз се маросими гиромидошти хотираи Ҷорҷ Флойд, марди 46-солаи сиёҳпӯсте ҷамъ омаданд, ки марги ӯ дар Амрико мавҷи азими эътироз ба зидди нажодпарастӣ ва бераҳмии пулисро барангехт.