Ду ҳавопаймо аз Кувайт ёриҳои тиббӣ ва 12 шаҳрванди Тоҷикистонро овард. ВИДЕО
Шоми 5-уми июн ду ҳавопаймо ёриҳои тиббии Кувайт ва 12 шаҳрванди Тоҷикистонро ба Душанбе овард.
Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ин 12 нафар, ки дар Кувайт кору зиндагӣ мекарданд, ба ватан баргашта, ба карантин фиристода мешаванд.
Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, дар маҷмуъ ин ду ҳавопаймо зиёда аз 27 тонна бор, аз ҷумла, дастгоҳҳои рентген, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳи томографӣ ва васоили дигарро овардааст. Ин ёриҳо бо ташаббуси “як соҳибкори сарватманди кувайтӣ ба табибони тоҷик” аст ва қарор аст дар ояндаи наздик ҳам боз қисми дигари он ворид шавад.
Дар маҷмӯъ дар замони пандемияи коронавирус аз Кувайт ба Тоҷикистон ду дафъа кумак ирсол шудааст. Кумаки аввал аз либоси ҳифозатӣ барои табибон иборат буд, ки оғози ҳафтаи ҷорӣ ба Тоҷикистон расид.