Ню-Йорк марҳилаи аввали сабукиҳои баъди карантинро ҷорӣ мекунад
Шаҳри Ню-Йорк, ки чандин ҳафта маркази пандемияи коронавируси ИМА буд, шурӯъ аз 8 июн бархе тиҷоратҳоро боз мекунад. Айни замон дар Бритониё аз аксар нафароне, ки тоза вориди ин кишвар мешаванд, тақозо мешавад, ки давоми ду ҳафта дар карантин бошанд.
Ду моҳ пеш ҳар рӯз дар Ню-Йорк садҳо нафар дар паи COVID-19 ҷон медод ва ҳоло шумори олудагии ҳаррӯзаи сокинони шаҳр дар ҳудуди 500 нафар буда омори марги инсонҳо ҳам хеле поин рафтааст. Дар Ню-Йорк бар асари COVID-19 22 ҳазор нафар ҷон додааст. Мақомот гуфтанд, ки азсаргирии бархе навъҳои тиҷорат, аз ҷумла истеҳсолот, сохтмон ва фурӯши яклухту чакана иҷоза шудааст. Интизор меравад, ки дар марҳилаи аввал то 400 ҳазор нафар сари кор баргарданд.
Ҳадаф аз маҳдудият дар нисбати мусофирони воридшаванда ба хоки Бритониё ҷилавгирӣ аз эҳтимоли омадани мавҷи дуюми пандемияи коронавирус гуфта мешавад, вале ширкати ҳавоии British Airways ва бархе дигар ширкатҳои ҳавоӣ ин қарорро дар додгоҳ ба чолиш кашиданд. Сиёсати мазкур нисбати сокинон ва меҳмонҳо бархе истисноҳо дорад. Вазири беҳдошт Метт Ҳенкокк гуфт, қарори мазкур мантиқи худро дорад, чунки “таносуби сироятёфтаҳои аз хориҷа омада дар ҳоли афзоиш аст”, дар ҳоле, ки ҳодисаҳои дар кишвар сабтшаванда рӯ ба коҳиш аст.