Фаучӣ коронавируси навро "бадтарин беморӣ дар таърихи ҷаҳон" номид
Коршиноси намоёни бемориҳои сирояткунанда дар Иёлоти Муттаҳида бемории ҳамагири коронавирусро яке аз бадтарин бемориҳо дар таърихи ҷаҳон номид ва бори дигар огоҳ кард, ки туғёни он ҳанӯз ба поён нарасидааст.
Доктор Энтони Фаучӣ рӯзи 9-уми июн пас аз он ки шумораи фавтидагон дар ҷаҳон ба зиёда аз 411 000 ва шумораи гирифторон ба 7,2 миллион кас расид, чунин баҳогузорӣ кард.
Фаучӣ гуфт, COVID-19, бемории бемонанди роҳи нафас, ки аз коронавирус пайдо шуда? тавононии ба одамон гузаштану куштанро дорад, "маълум шуд, ки бадтарин даҳшати ман аст".
Ҳарчанд ӯ медонист, ки туғёни бемории монанд ба бемории ҳамагири ҷорӣ метавонад рӯй диҳад, суръати паҳншавии он ӯро ба ҳайрат овард. Вай гуфт: "Ин тақрибан як моҳ давом ёфт, дар ҳоле ки бисёрии бемориҳои ба осонӣ гузаранда аз шаш моҳ то як сол кашол меёбад, то тавонанд дар сартосари ҷаҳон паҳн шаванд."
Фаучӣ, ки дар конфронси онлайнӣ суханронӣ кард, бори дигар таъкид намуд, ки бовар дорад ваксинае пайдо карда хоҳад шуд.