Ҳукми сархатиби Восеъ ва хешовандонаш эълон шуд
![Ҳукми сархатиби Восеъ ва хешовандонаш эълон шуд](https://gdb.rferl.org/9BC357CE-2552-45B3-9586-750CB35A525D_w800_h450.jpg)
Додгоҳи Хатлон Муҳаммадсаид Акрамов, сархатиби масҷиди ноҳияи Восеъ ва 13 пайванди ӯро ба узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Бародарони мусулмон" (Ихвон-ул-муслимин) гунаҳкор донист, аммо сархатибу се бародарашро шартан озод кард. Даҳ нафари дигар аз панҷ то ҳафтсолӣ ба зиндон маҳкум шуданд.