Дар таркиши мадрасае дар Афғонистон нӯҳ шогирд кушта шуд
Мақомоти амниятии Афғонистон гуфтанд, ки дар паи таркиши хумпорае дар мадрасае дар шимоли ин кишвар дастикам нӯҳ шогирд кушта шуд. Халил Асир, сухангӯи полис рӯзи 18 июн гуфт, ки таҳқиқи пешакӣ нишон дод, ки хумпора дар дохили мадраса ҷой шуда буд ва дар натиҷа бисёр шогирдон кушта шуданд ва синнашон то 18-сола буд.
Дар ин таркиши ноҳияи Ишкошими вилояти Тахор инчунин шаш нафар маҷрӯҳ шуд.
Ҳодиса баъди он рух дод, ки дар ду таркиши моҳи июн дар Кобул ду масҷид мавриди ҳадаф қарор гирифтанд. Рӯзи 12 июн дар таркиши масҷиде дар Кобул чор нафар кушта шуд. Дар таркиши як ҳафта пеш аз он дар масҷиди дигаре имомхатиб ва як нафари дигар ҷон доданд. Ин ҳодисаҳо дар ҳолест, ки Толибон мегӯянд, ба ӯҳдадориҳои худ бар асоси созиш бо амрикоиҳо пойбанд ҳастанд.