54 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон
Рӯзи 23-юми июн шумораи гирифторони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон ба 5567 нафар расид. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта коронавирус ба 54 кас сироят кардааст. 4109 ё беш аз 73 дар сади нафар шифо ёфта, 52 нафар фавтидаанд.