Як халта нос – 20 рубл, ҷазо барои носфурӯшӣ – 20 ҳазор рубл
Ҷазо барои фурӯши носро дар Русия сахттар карданд. Мақомот интизор доранд, ки бо бештар шудани ҷаримаҳо нархи нос гарон мешавад ва минбаъд барои наврасону ҷавонон дастнорас хоҳад буд. Аммо як санҷиши хабарнигори телевизиони «Настоящее время» дар Маскав нишон дод, ки барои носкашҳо дастрас кардани ин навъи тамоку душвор нест. Гузоришро Амриддин Олимов тақдим мекунад.