Гулназар, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистонро ба хок супурданд. Президент таслият гуфт. АКС
Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва аз шоирони шинохтаи Тоҷикистонро, ки дар 75-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ бо гумони гирифторӣ ба коронавируси нав дар шифохона бистарӣ буд.