Марҳилаи дувуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон оғоз ёфт
Марҳилаи дувуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо бозиҳои даври дувоздаҳум шуруъ шуд. Дар се бозӣ мизбонон ғолиб шуданд, се бозӣ бо натиҷаҳои мусовӣ хотима ёфт.
Пешсафи мусобиқа - дастаи “Равшан”-и Кӯлоб - дар даври дувоздаҳум дар майдони худ “Моҳир”-и Ёвонро бо ҳисоби 5:4 шикаст дод. Футболбозони шаҳри Кӯлоб, ки дар 12 бозӣ 33 имтиёз гирифтанд, мавқеашонро дар зинаи аввал боз ҳам устувор карданд. “Равшан” дар 11 дидор пирӯз шуда, танҳо як бозиро бохтааст.
“Эсхата”-и Хуҷанд бо 25 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Хуҷандиҳо дар бозии даври гузашта дар майдони худ “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъро бо ҳисоби 3:2 шикаст доданд.
“Исфара”-и шаҳри Исфара, ки 19 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро касб намудааст. Исфарагиҳо бозии даври дувоздаҳумро дар майдони худ бо “Шоҳмансур”-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 0:0 ба поён расонданд.
Боз ду бозии даври дувоздаҳум мусовӣ шуд. Бозӣ миёни дастаҳои “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ - “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 0:0 ва “Ҳосилот”-и Фархор - “Саройкамар”-и Панҷ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар бозии дигар “Равшан”-и Зафаробод дар майдони худ “Барқчӣ”-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.
Бозиҳои даври сездаҳуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 5-6-уми сентябр баргузор мешаванд.
Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 12-ум
«Равшан» (Зафаробод) – «Барқчӣ» – 2:0
Голҳо: Зиёвуддин Фузайлов, 8 (1:0). Парвизҷон Деҳқонов, 23 (2:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Зиёвуддин Фузайлов («Равшан» Зафаробод).
«Равшан» (Кӯлоб) – «Моҳир» – 5:4
Голҳо: Алишер Куганов, 20 (0:1). Сафаралӣ Каримов, 22 (1:1). Наврӯз Рустамов, 42 (2:1). Баҳровар Ҳалимов, 47 (2:2). Баҳровар Ҳалимов, 60 (2:3). Наврӯз Рустамов, 70 (3:3). Баҳровар Ҳалимов, 73 (3:4). Сафаралӣ Каримов, 78 (4:4). Ҳасан Рустамов, 90+2 (5:4).
Беҳтарин бозигари дидор: Баҳровар Ҳалимов («Моҳир»).
«Панҷшер» – «Ваҳдат» – 0:0
Беҳтарин бозигари дидор: Суҳроб Ашӯров («Ваҳдат»).
«Исфара» – «Шоҳмансур» – 0:0
Беҳтарин бозигари дидор: Умар Саидов («Шоҳмансур»).
«Ҳосилот» – «Саройкамар» – 1:1
Голҳо: Исроили Сомон, 14 (1:0). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 75 (1:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Саидалии Сафаралӣ («Ҳосилот»).
«Эсхата» – «Ҳулбук» – 3:2
Голҳо: Ҷурабой Исоев, 35 (1:0). Аваз Камчинов, 57 (1:1). Аваз Камчинов, 62 (1:2). Боҳирҷон Сангинбоев, 75 (2:2). Абдумалик Шодиев, 83 (3:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Боҳирҷон Сангинбоев («Эсхата»).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Равшан» (Кӯлоб)
12
11
0
1
51-24
33
2
«Эсхата» (Хуҷанд)
12
8
1
3
32-22
25
3
«Исфара» (Исфара)
12
6
1
5
20-20
19
4
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
12
5
4
3
24-14
19
5
«Ҳосилот» (Фархор)
12
5
2
5
24-22
17
6
«Ҳулбук» (Восеъ)
12
5
2
5
23-22
17
7
«Ваҳдат» (Ваҳдат)
12
4
4
4
32-25
16
8
«Равшан» (Зафаробод)
12
4
4
4
22-17
16
9
«Саройкамар» (Панҷ)
12
4
3
5
24-27
15
10
«Моҳир» (Ёвон)
12
4
2
6
29-40
14
11
«Барқчӣ» (Ҳисор)
12
3
1
8
21-26
10
12
«Шоҳмансур» (Душанбе)
12
0
2
10
8-51
2
Нишонзанҳо: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 17 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 13 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 12 тӯб, Акмалҷон Авазов («Саройкамар») – 8 тӯб.
Даври 13-ум
5-уми сентябр (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
«Шоҳмансур» – «Равшан» (Зафаробод)
«Ваҳдат» – «Исфара»
«Ҳулбук» – «Панҷшер»
6-уми сентябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
«Саройкамар» – «Эсхата»
«Моҳир» – «Ҳосилот»
«Барқчӣ» – «Равшан» (Кӯлоб)