НАТО ҳамла ба Навалнийро маҳкум кард
Паймони низомии НАТО ба таҳқиқи байналмилалии қазияи заҳролудшавии раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний даъват кард, ки ба хулосаи табибони олмонӣ, бо заҳри низомии навъи “Новичок” заҳролуд шудааст. Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО баъди ҷаласаи изтирории рӯзи 4-уми сентябр гуфт, ки ҳамаи кишварҳо дар маҳкум кардани ин ҳамлаи “ваҳшатнок” алайҳи Навалний муттаҳид шудаанд. Олмон, ки дигар 29 кишвари узвро барои баррасии ин қазия даъват кард, гуфт, “бидуни шубҳа” Навалний бо “Новичок” заҳролуд шудааст. Столтенберг гуфт, ки Русия бояд дар роҳандозии як таҳқиқоти байналмилалӣ бо Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ ҳамкорӣ кунад. Столтенберг баъди ин ҷаласа гуфт, ки кишварҳои узви НАТО ин ҳамларо маҳкум мекунанд:
«Такрор ба такрор мо мебинем, ки раҳбарони мухолифон ва мунаққидони режими Русия мавриди ҳамла қарор мегиранду ба ҳаёташон таҳдид мекунанд. Бархе ҳатто кушта шуданд. Аз ин рӯ, ин фақат як ҳамла ба шахсият нест, балки ба ҳуқуқи бунёдии демократӣ аст. Ин нақзи ҷиддии қонунҳои байналмилалӣ аст, ки вокуниши байналмилалиро тақозо мекунад”.
Навалнии 44-сола рӯзи 20-уми август дар ҳавопаймо, ҳангоми парвоз аз Сибир ба Маскав худро бад ҳис кард ва ҳавопаймо дар шаҳри Омск фуруд омаду ӯро ду рӯз дар беморхонаи маҳаллӣ муолиҷа карданд. Танҳо баъди ин ӯро ба Олмон интиқол доданд. Навалний ҳоло дар беморхонаи “Шерите”-и Берлин дар ҳолати кома ё беҳушии маснуӣ буда, ҳолаташ сангин гуфта мешавад. То ҳол Русия ҳама гуна хабарҳо дар бораи вазъи сиҳҳатии Навалнийро рад карда ин қазияро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидааст.