Беморхонаҳои Туркманистони "орӣ аз коронавирус" лабрези беморон аст
![Беморхонаҳои Туркманистони](https://gdb.rferl.org/0C82B360-8DCF-40C6-9BEE-2B1310D53A54_cx0_cy54_cw0_w800_h450.jpg)
Дар Туркманистон, ки то ҳол иддао мекунад, ҳеҷ як ҳолати олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, беморхонаҳо лабрези беморонест, ки нишонаҳои COVID-19-ро доранд. Ходимоти тиб дар ин кишвари таҳти назорати сангини ҳукумат дар сӯҳбат бо хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мегӯянд, ки вазъ дар ҳафтаҳои ахир бадтар шуда, шумори қурбониҳои коронавирус дар ҳоли афзоиш аст. Табибон гуфтанд, ки онҳоро маҷбур мекунанд дар маконҳои карантиншуда кор кунанд ва хароҷоти либоси ҳифозатиро аз ҳисоби худ пардохт мекунанд. Дар бархе ҳолатҳо ҳамшираҳои ботаҷриба гуфтанд, ки давоми ду моҳи охир онҳоро иҷоза намедиҳанд, ки ба хонаҳояшон бираванд. Ҳукумати Туркманистон пойфишорӣ дорад, ки дар ин кишвар ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале амалан ба ин касе бовар намекунад. Ҷасади онҳоеро, ки бо нишонаҳои монанд ба COVID-19 ҷон додаанд, дар халтаҳои селофанӣ андохта ба хоксупорӣ медиҳанд. Рӯзи 7-уми август Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз афзоиши пневмонияи ғайримаъмулӣ дар Туркманистон изҳори нигаронӣ карда аз Ашқобод дархост кард, ки дар кишвар тестҳои мустақили зидди коронавирус ташкил карда шаванд.