Дар Минск тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ идома дорад
Дар пойтахти Белорус шаҳри Минск тазоҳурот ба зидди раиси ҷумҳур Александр Лукашенко ва бо даъвати истеъфои ӯ идома ёфт. Гуруҳҳои тазоҳургарон рӯзи 6-уми сентябр дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр ва ба таври пароканда ҷамъ омаданд. Пештар аз ин маъмурони пулиси зидди шӯриш дар атрофи қароргоҳҳои ҳукуматӣ ва пайкараҳо дар маркази Минск симхор кашиданд ва дар беруни баъзе аз истгоҳҳои метро маъмурони пулис ба чашм мехурданд.
Дар видеоҳое, ки дар Телеграм нашр кардаанд, мошинҳои зиреҳпӯш дар чанде аз гӯшаҳои Минск дида мешавад. Александр Лукашенко бо такрори тазоҳуроти азим дар шаҳри Минск зери фишори афзояндае қарор гирифтааст. Мақомоти интихоботӣ мегӯянд, ки Лукашенко дар интихобот бештар аз 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овард, аммо тазоҳургарон мегӯянд, баръакс дар интихобот номзади мухолифон пирӯз шудааст.
Светлана Тихановская пешвои мухолифони давлат дар Белорус рӯзи 5-уми сентябр гуфт, азбаски ҳукумати раиси ҷумҳур Александр Лукашенко ба ҳарфи “мардум гӯш намедиҳад”, кишвараш ба “буҳрони амиқи сиёсӣ” гирифтор шудааст.
Тихановская дар як суҳбати мустақими онлайнӣ дар бораи тазоҳуроти мудавом гуфт, “Белорусҳо тағйир ёфтаанд, онҳо бедор шудаанд”. Чаҳор ҳафта аст, ки дар шаҳрҳои гуногуни Белорус мардум ба зидди натиҷаҳои интихоботи баҳсбарангези рӯзи 9-уми август тазоҳурот мекунанд.
Светалана Тихановская афзуд, ки мардум дар Белорус тағйирот мехоҳанд ва онҳо “ба ҳукумати кунунӣ дигар бовар надоранд.” Ӯ афзуд, мардум ба марҳилае расиданд, ки дигар роҳе барои бозгашт надоранд ва дигар “мардумро ба ақибшинӣ маҷбур кардан имконнопазир аст.”