Як намояндаи Хадамоти алоқа гуфт, ки чаро Интернет дар Тоҷикистон як соат қатъ шуд. ВИДЕО
![Як намояндаи Хадамоти алоқа гуфт, ки чаро Интернет дар Тоҷикистон як соат қатъ шуд. ВИДЕО](https://gdb.rferl.org/C7C64DF9-59DE-4D7C-A8EC-82646A003222_cx0_cy4_cw0_w800_h450.jpg)
Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон расман сабаби як соат пурра қатъ шудани Интернетро дар кишвар шарҳ надоданд. Аммо як намояндаи Хадамот бе зикри номаш рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Соати 19:40 ба вақти Душанбе воридшавии Интернет ба Тоҷикистон қатъ шуд. Давоми ним соат ба канали захиравӣ гузаштем. Мутахассисон сабаби рух додани ин ҳолатро муайян карда истодаанд." Тасдиқи дурустии ин гуфтаҳо аз манобеи мустақил дар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст.
Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки шоми 16-уми сентябр ба муддати як соат дастрасӣ ба Интернет дар саросари Тоҷикистон номумкин шуд. Бархе ҳам гуфтанд, барои муддате гуфтугӯ тавассути телефон низ номумкин шуд.
Ин ҳолат замони суҳбати онлайни Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби дар Тоҷикистон манӯи наҳзати исломӣ дар Барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон рух дод. Мақомот пайванди ҳолати рухдодаро бо суханронии Кабирӣ тасдиқ ё рад накардаанд.
Пештар намояндагони ду ширкати мобилии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номашон ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки шоми гузашта дастрасӣ ба интернет қариб як соат қатъ шудааст, вале гуфтанд, ин вазъ аз аз онҳо вобаста набуд.
Ширкатҳои мобилӣ намехоҳанд, дар ин бора расман суҳбат кунанд, чун мегӯянд мумкин аст барояшон мушкил эҷод шавад. Аз чаҳор ширкати мобилии Тоҷикистон ягон ширкат дар сомонаҳои худ дар ин бора эълоне пахш накарда, аз муштариён ҳам узр напурсидаанд.
Аммо масъули як ширкати мобилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ширкатҳо ҳеч гоҳ Интернети мизоҷашонро қатъ намекунанд. Ин масъаларо аз танзимгар, назоратгар ва фурӯшанда, яъне соҳиби бозори интернет Хадамоти алоқа ва ширкати зертобеаш "Тоҷиктелеком" пурсед.”
Дар Тоҷикистон аз соли 2018 "Тоҷиктелеком" ширкати асосии дастраскунандаи Интернет ба кишвар аст. Ширкатҳои дигари мобилӣ аз "Тоҷиктелеком" интернетро мехаранд.
Дар солҳои гузашта зиёд иттифоқ меафтод, ки дар вақти баромади намояндагони мухолифин дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ қатъ мешуд. Аммо ин аз камтарин ҳолат аст, ки интернет пурра хомӯш мешавад.
Матлаб давоми рӯз такмил мешавад, бозгашт ба саҳифаро фаромӯш накунед.