Муовини Зойиров мегӯяд, писари ӯро задаанд. Мақомот гуфтанд, ки таҳқиқ мекунанд. САДО
Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон хабар дод, ки афроди ношинос шабона писарашро латукӯб кардаанд. Маҳмурод Одинаев гуфт, бинии писараш шикаста ва майнаи сараш осеб дидааст. Мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.