Пас аз худкушӣ дар фурудгоҳ. Шерафган ба қаллобӣ гумонбар мешавад
![Пас аз худкушӣ дар фурудгоҳ. Шерафган ба қаллобӣ гумонбар мешавад](https://gdb.rferl.org/1c125180-3b2f-4a9a-9e49-348606247107_cx0_cy5_cw0_w800_h450.jpg)
Додситонии нақлиёти Тоҷикистон дар пайи таҳқиқи марги Шерафган Хоҷақулов, корманди Бахши амнияти фурудгоҳ, ки рӯзи 26-уми октябр хабари худкушиаш нашр шуд, нисбат ба се нафар, аз ҷумла худи Шерафган, бо ҷурми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.