Интихоботи Амрико. Ҳосили рақобатҳои Трамп ва Байденро дар инҷо бинед
Амрикоиҳо рӯзи 3-юми ноябр президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳидаро интихоб мекунанд. Онҳо номзадро мустақим интихоб намекунанд, балки тавассути як ниҳоде овоз медиҳанд, ки дар ҳар як аёлат мувофиқи шумораи аҳолиаш таъсис шудааст. Барои пирӯзии номзад аз миёни 538 овози ҳайати интихоботӣ ба даст овардани 270 раъй кофӣ аст. Доналд Трамп номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва Ҷо Байден номзади Ҳизби Демократ аст.