Президенти Украина ва сарвари дастгоҳи ӯ COVID-19 шудаанд
Президенти Украина Владимир Зеленский ва роҳбари дастгоҳи ӯ аввали ҳафта пас аз олуда шудан ба вируси COVID-19 дар беморхона бистарӣ шуданд. "Зеленский ва роҳбари дастгоҳи президент Андрей Ермак дар беморхонаи клиникии Феофания дар Киев табобат мегиранд," -- гуфт мушовири Ермак Михаил Подоляк рӯзи 12 ноябр ба рӯзномаи украинии "Правда".
"Дар он ҷо як ҳуҷра махсус таҷҳизонида шудааст, ки ба президент имкон медиҳад конфронсҳо баргузор кунад. Вай имрӯз бисёр телеконфронсҳо анҷом дод," -- гуфт Подоляк. Вай афзуд, Ермак низ палатаи ҷудогона дорад.
Зеленский ва Ермак эълон кардаанд, ки ҳолашон хуб аст ва ба иҷрои вазифаҳои ҳаррӯзаи худ идома медиҳанд.
Дигар намояндагони баландпояи Украина, аз ҷумла вазирони молия ва мудофиа низ ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.
Намояндагони Вазорати тандурустии Украина рӯзи 12 ноябр гуфтанд, ки дар ин кишвар дар давоми 24 соати гузашта 11 057 каси дигар ба короновирус олуда шудааст, ки аз ин 198 ҳолати марг ба қайд гирифта шудааст. Сироятшудаҳои нав ҳолатҳои умумии тасдиқшударо ба 500,865 расониданд, ки аз ин 9,145 нафар фавтидаанд.