Мошини журналисти Znak.com оташ зада шуд
Афроди номаълум дар шаҳри Челябински Русия мошини як журналисти вебсайти хабарии мустақилро оташ заданд. Вебсайти Znak.com гуфт, ки хароб кардани мошини журналист Марина Малкова ба фаъолияти касбии ӯ рабт дорад. Ҳодиса шаби гузашта рух дод. Ба иттилои Znak.com, Малкова дар хона буд, ки ногаҳон садои баланди монанд ба таркишро шунид ва баъди он дид, ки мошинаш оташ гирифтааст. Дар наворҳои видеоӣ ду нафари ношиносе сабт шудаанд, ки аз макони сӯхтор фирор мекунанд. Нашрия гуфт, дар ҳоле, ки дар таваққуфгоҳ чанд мошини дигар ҳам истода буд, оташ гирифтани мошини журналист ба он маъност, ки он махсус мавриди ҳадаф қарор дода шуд. Малкова бо гузоришҳояш дар бораи фасод дар миёни мақомдорон ва кормандони ҳифзи қонун маъруф аст. Дар гузоришҳои ахири Малкова шеваи бархӯрди мақомот бо COVID-19 мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.