ФСБ аз боздошти афроди марбут ба "Давлати исломӣ" хабар дод. Як нафараш аз ОМ аст
Дар миёни панҷ боздоштшуда бо гумони узвият дар “Давлати исломӣ” дар ҳудуди шаҳри Владимири вилояти Маскав як шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам мебошад, мегӯяд ФСБ. Ин Хадамоти амнияти федеролии Русия рӯзи 25-уми ноябр гуфт, ки аз фаъолияти як гурӯҳи минтақавии марбут ба созмони мамнӯи “Давлати исломӣ” пешгирӣ кардааст. Дар изҳороти расмии ин ниҳод гуфта мешавад, ки ширкатдорони ин гурӯҳ мехостанд дар метрои Маскав “харобкорӣ” кунанд. Инчунин, ба навиштаи ин ниҳод, ҳадафи онҳо ҷалби нафарони бештар ба “Давлати исломӣ” ва маблағгузории терроризм буд. ТАСС менависад, ки яке аз боздоштшудаҳо иқрор шудааст, ки узви “Давлати исломӣ” мебошад.
ФСБ инчунин аз ошкор ва мусодира шудани як бомбаи худсохт хабар медиҳад. Дар Русия гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз соли 2014 мамнӯъ ва террористӣ эълон шудааст.