Волидон: "Мураббӣ рӯйи кӯдаконро сӯзондааст." Масъулон: "Ҳангоми бозӣ ба бухорӣ заданд". ВИДЕО
Чанде аз сокинони шаҳри Кӯлоб иддао доранд, ки як мураббии кӯдакистони "Ориён" бари рӯйи фарзандони онҳоро "сӯзондааст". Дар боғча гуфтанд, ки кӯдакон ҳангоми бозӣ ба "печка" ё бухорӣ бархӯрданд. Муфаттишони милиса ва додситонӣ қазияро таҳқиқ доранд.