Трамп гуфт, дар сурати шикаст омода аст, Кохи сафедро тарк кунад
Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи панҷшанбе гуфт, ки баъди расман пирӯз эълом шудани Ҷо Байден дар интихоботи президентии моҳи ҷорӣ, омода аст, Кохи сафедро тарк кунад.
"Албатта, ман ин корро мекунам ва шумо ҳам инро хуб медонед. Эътирофи шикаст вазнин хоҳад буд, зеро мо медонем, ки тақаллуб сурат гирифтааст", - посух дод Трамп ба суоли хабарнигор. Айбҳо дар бораи тақаллуби интихобот ва вайрон кардани раванди раъйдиҳӣ, ки аз забони Трамп такрор мешавад, аз сӯи додгоҳҳо тасдиқ нашуданд. Додгоҳҳо даҳҳо шикояти ситоди интихоботии Трампро рад карданд.
Масълаи тарк кардани Кохи сафед аз сӯи Трамп ба маҳзи ба поён расидани муҳлати призедентиаш дар расонаҳои ИМА зиёд матраҳ мешавад. Трамп боре ҳам нагуфтааст, ки дар Кохи сафед хоҳад монд. Аммо вай айни замон омодаи эътирофи шикасташ нест. Вай мегӯяд, то замони эъломи натиҷаҳои ниҳоии интихобот "тағйироти чашмрасе метавонад, сурат гирад". Қарор аст, натиҷаҳои ниҳоии интихоботи ИМА рӯзи 14 декабр эълом шаванд. То ин замон раъйи бештар насиби Ҷо Байден, номзади демократҳо шудааст.